ABNA24 : Ба гузориши сомонаи Ховар, дар ҳошияи Иҷлоси раҳбарони ҷаҳонии Конфронси иқлимии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Глазго дидори муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Вазир оид ба кишварҳои Аврупо, Амрико, Британия ва Ирландияи Шимолӣ Венди Мортон баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ, иқдомҳои муштарак ҷиҳати пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва бемории сироятии COVID-19 баррасӣ шуданд.
Мушорикат дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн низ мавриди гуфтугӯ қарор гирифтанд.
342/